Ҳар рӯз шунидани марги як-ду нафар бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ нигаронкунанда аст. Субҳи рӯзи душанбе ҳам дар ҷамъи хабарҳои Қисми навбатдорӣ аз марги ду сокини баркамоли кишвар ва наҷоти яки дигар, ки ӯ низ дар синни камолоти ҷавонист, иттилоъ ёфтем. Таҳлилҳо ҳамеша як воқеиятро рушан мекунанд: Ин афрод ё шиноварӣ наметавонанду худро ба об мезананд ва боз аз соҳил дур мераванд ва ё дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ мекунанд.
Наҷотдиҳандагони Воҳиди таъиноти махсуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар соҳили обҳои вилоят навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд, дар боғи фарҳанг ва истироҳати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, ки як ҳавзи калони об ҳам дар он мавҷуд аст, диданд, ки марде ғарқ мешавад. Прапоршик Зарифҷон Раҷабов бо як чолокии пешбининашаванда худро ба об андохт ва ба зудӣ ба мард наздик шуд ва ӯро аз марги эҳтимолӣ наҷот дод. Маълум шуд, ки ӯ як сокини 29-солаи деҳаи Хайрободи ноҳияи Зафаробод буда, дар ҷойи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекард.
Марди наҷотёфта, баъди он ки ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расонданд, аз рафтан ба бемористон барои ташхис худдорӣ намуд.
Шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумита ду маротиба барои наҷоти ҷони афроди ғарқшуда аз маҳалли будубоши худ берун шуданд. Аз ҷумла, соати 17:45 дақиқаи рӯзи 19-уми июн хабар расид, ки дар дарёи Варзоб як мард ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ӯро соати 19:21 дақиқа аз зери об берун оварданд. Ӯ як сокини 39-солаи пойтахт будааст. Ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхиси сабабҳои марг супурда шуд.
Шаб, соати 21:45 дақиқа хабар расид, ки дар ҳавзе воқеъ дар ҳудуди бӯстонсарои “Маҳмудиён”-и маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ марде ғарқ шудааст. Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ғарқшударо, ки сокини 54-солаи деҳаи Гултеппа будааст, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ ва худдорӣ кардан аз шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ як гарави аслии ҳифзи ҳаёти шумост. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли истироҳаткунандагон хоҳиш мекунад худро эҳтиёт кунанд ва ин қоидаҳоро риоя намоянд.