Нимишабӣ, соати 02:11 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як девори бетонӣ дар наздикии корхонаи тавлиди нӯшобаи “Кока-кола” чаппа шуда ва ду нафарр дар зери он мондаанд. Барои роҳандозии корҳои наҷот ба ҷойи ҳодиса имдодгарон аз Раёсати Душанбе сафарбар шуданд. То омадани наҷотдиҳандагон яке аз онҳо худро раҳо карда буд. Дастаи наҷот бо истифода аз таҷҳизоти махсус аз зери девори бетонии семетраи чаппашуда сокини 29-солаи пойтахтро раҳо карданд.
Дида шуд, ки ҷо-ҷое устухонҳои баданаш садама дидаанд ва фавран ӯро ба бемористон интиқол доданд. Духтурон гуфтанд, ки вазъи бемор дар айни ҳол хуб аст ва ба ҳаёташ чизе таҳдид намекунад.
Маълум нест, ки дар ин нимишабӣ ин ду тан зери ин девори бетонӣ чӣ мекарданд.