Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 18 хонаи нав барои осебдидагони сели ноҳияи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд. Андоваи як хона пурра ба анҷом расида, дар як хонаи дигар ин кор дар садади анҷомёбист.
Бино ба иттилои манбаъ ба ҳолати 1 июли соли 2020, аз 67 хонаҳои пурра ва қисман зарардида, корҳои ҷобаҷокунӣ ва ҳамворкунии он 100% иҷро шуда,аз 62 хона дар 53 хона корҳои бомпӯш кардан идома дорад. Дирӯз 3 бомпӯш шуд ва дар 18 хона дару тирезаҳо насб карда шуданд.
Гуфтанист, ки рўзи 24 майи соли ҷорӣ ба ҳар 67 хоҷагие, ки дар боронҳои шадид, сер ва ярч хонаҳои худро пурра аз даст дода буданд, дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти С. Айнӣ 0,08 га заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо ва ҳамаи онҳо барои зиндагонии муваққатӣ бо хаймаҳо таъмин карда шуданд. Сохтмони хонаҳо ба суръат оғоз шуданд, ҳукумати кишвар масолеҳи зарурии сохтмонро фароҳам овард ва инак, рӯзҳои наздик ин хонаҳо пурра ба истифода дода хоҳанд шуд.
МУФАССАЛТАР ДАР ИН МАВЗӮЪ:
-
“Ҷумҳурият”: Намебинем ё дидан намехоҳем?
-
Боми се хона барои зарардидагони сели ноҳияи Хуросон пӯшонида шуд
-
Ҷаласаи сайёр дар ноҳияи осебдида аз сел
-
Боздиди навбатии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз минтақаҳои офатзадаи ноҳияи Хуросон
-
Кумаки навбатӣ ба осебдидагони ноҳияи Хуросон. Пойдевори хонаҳои нав дар Чорбоғ гузошта шуда, бунёди манзилҳо оғоз шудаанд
-
Хуросон: Бунёди хонаҳои нав барои осебдидагон идома дорад. Канали харобшудаи ноҳия дубора фаъол мешавад