Бино ба гузоришҳои расмӣ бар асари торнадои пурқудрат дар ғарби Олмон 43 нафар зарар диданд ва ин офати табиӣ харобиҳои зиёде ба бор овард.
Пулиси минтақа хабар дод, ки ин торнадо боиси барканда шудани болопӯши хонаҳои зиёд шуд, шикастапораҳои сохтмонҳои нотамомро ба дуриҳо партоб кард. 10 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд ва вазъи саломатии як хонум хеле бад гузориш шудааст.
Ин тӯфони шадид рӯзи ҷумъа оғоз шуд ва дар нахустин соатҳои он аз ҳалокати як марди 38-сола ҳам гузориш дода шуд. Расонаҳои Олмон иттилоъ доданд, ки ин мардро дар таҳхонаи пуроб қувваи барқ куштааст.
Дар як навори видеоӣ, ки аз шаҳри Падерборн ба расонаҳо расидааст, дида мешавад, ки торнадои бузург ба сони як тӯфони азим ҳама чангу хоку партобҳоро ба ҳаво мебардорад ва ба биноҳо осеб меравонад.
Дар ҳамин ҳол ВВС ба нақл аз обуҳавошинос Крис Фокс гуфтааст, ки маъмулан торнадо барои иқлими Олмон як зуҳуроти ҳамешагист, вале он кам ба ин шиддат воқеъ мешавад ва боиси харобиҳои бештар намегардад.
Маврид ба ёдоварист, ки торнадо то кунун ба забони тоҷикӣ чун як истилоҳ тарҷума нашудааст, аммо дар форсӣ печанд, тӯфони печанд гуфтаанд. Торнадо навъе аз гирдбодҳои харобкорест, ки ба шаклҳо ва андозаҳои мухталиф зуҳур мекунад.
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:
- ТӮФОН ДАР ГУҶАРОТИ ҲИНД: 200 ҲАЗОР НАФАР АЗ ХОНАҲОИ ХУД ФИРОР КАРДАНД. 127 НАФАР НОПАДИД ШУДАНД
-
ИЛМ: ОЁ САДОҲОИ АСРОРОМЕЗ МЕТАВОНАНД ТӮФОНРО ПЕШБИНӢ КУНАНД?
-
ТӮФОНИ ГЕОМАГНИТӢ Ё ХУРШЕДӢ ЧИСТ?
-
ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. ФОҶЕАИ КОЛУМБ - ДАРЁНАВАРД ВА КИШВАРКУШОИ МАШҲУР, АДМИРАЛИ БАҲРУ УҚЁНУС
- ДАР ОБХЕЗИҲОИ АХИРИ ГОНДУРАС 360 ҲАЗОР НАФАР ЗАРАР ДИДАНД. МАҚОМОТ АЗ ҲАЛОКАТИ 11 ВА БЕНИШОН ШУДАНИ 6 НАФАР ХАБАР ДОДАНД