Дарсҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар Хоруғ
Чоп шуд: 11/05/2022 | redaktorАз 10 - ум то 13 майи соли 2022 дар асоси Нақшаи КҲФ оид ба чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 кормандони Раёсати ВМКБ дар шаҳри Хоруғ машқҳои ҳамаҷониба дар мавзӯъи «Амали мақомоти давлатӣ, комиссияҳо, қуввахо ва воситаҳои воҳидҳои ҳудудии системаи ягона ҳангоми таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ” гузарониданд.