10 – уми майи соли 2022 Умарзода Зафар Сулаймон-як навраси 16-сола аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо амале аз худ шуҷоату қаҳармонӣ нишон дод. Вай бо як ҷасорат аз оби канал писараки 7-соларо, ки ғарқ мешуд, наҷот дод.
Зафар, ки канори роҳ мерафт, баногоҳ садои доду фарёди бачаҳоро шунид, ки имдодталабона одамонро даъват мекарданд. Вай шунид, ки мегӯянд писараке дар ин оби канал ғарқ мешавад.
Писарбачаи 7-сола аз назорати волидон дур монда, худ хостааст мустақилона оббозӣ унад, вале чун шиноварӣ наметавонист, ғарқ шуд.
Қаҳрамони наврас баробари шунидани садои имдодталабона худро ба оби канал ҳаво дод ва писаракро аз марг наҷот дод.
Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ба наврас изҳори сипос кард ва аз ҷасорату матонаташ ситоиш намуд. Қарор аст имрӯз барои вай Ифтихорнома барои ин корномааш эъто гардад.
Рафтори Зафар Сулаймон қобили ситоиш аст. Ингунаҳо метавонанд бо чунин амалҳои хайр ва ҷасорату матонаташон миёни ҳамсолону атрофиёнашон намуна бошанд.