Сел дар Ашт 7 пулро хароб кард
Чоп шуд: 31/05/2022 | admin30 – уми майи соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд бинобар сабаби бориши борони зиёд ва жола аз селроҳаи Аштсой сел омад.
Сел ва сангреза 7 пулро дар қаламрави ҷамоати Ашт пурра хароб кард. Дар натиҷаи омадани лойобаву сангу шағал 8 километр роҳи байни деҳаҳо қисман хароб гардид,
Сел ҳамчунин ба 32 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар