Дар асоси Амри раис – сардори мудофиаи граждании вилояти Хатлон аз 13 майи соли 2022 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани санҷиш ва машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ» аз 25 то 28 майи соли 2022 дар ин ноҳия санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия, ҳангоми бародани боронҳои пай дар пай омадани сел ва зери хавф мондани ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия» гузаронида шуд.
Рӯзи 27 – уми майи соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳраки Балх, деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ машқи махсуси тактики мудофиаи граждании ноҳия дар пешгирии ҳолатҳои фавқулодда бо ҷалби қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи граждани ва аҳолии деҳаи мазкур, тоза намудани кӯчаю роҳравҳо, селроҳаҳои ҳудуди деҳаи Кӯҳдоман дар масофаи 500 метр бо ҷалби 3 адад техникаву механизҳо бо тариқи ҳашари дастаъҷамъона гузаронида шуд. Дар он 250 нафар кормандони ташкилоту идораҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва аҳолии деҳаи мазкур ҷалб карда шудаанд.
Рӯзи 28 – уми майи соли 2022 дар марҳилаи дуюми машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ҳудуди деҳаи Кӯҳдоман бо мақсади ҳимоя намудани аҳолӣ ва амалан иҷро намудани чорабиниҳои эвакуатсионӣ, интиқоли аҳолии деҳаи аз минтақаҳои хавфнок ба ҷой бе хавф бо истифода аз тариқи нақлиёт ва пиёда бо ҷалби хадамоти мудофиаи граждани ноҳия ба минтақаи бе хавфи мавзеъи варзишгоҳи Ҷамоати шаҳраки Балх ба шаҳрчаи хаймави сафарбар карда шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабинӣ 50 адад воситаҳои нақлияи гуногуни боркашу мусофиркаш ва зиёда аз 1300 нафар аҳолии русто ҷалб карда шуд.