Сел дар Ашт 7 пулро хароб кард

Сел дар Ашт

30 – уми майи соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд бинобар сабаби бориши борони зиёд ва жола  аз селроҳаи Аштсой сел омад.

Сел ва сангреза 7 пулро дар қаламрави ҷамоати Ашт пурра хароб кард. Дар натиҷаи омадани лойобаву сангу шағал 8 километр роҳи байни деҳаҳо қисман хароб гардид,

Сел ҳамчунин ба 32 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт. 

Барои рафъи паёмадҳои офат қувва ва воситаҳои ноҳия ҷалб шудаанд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода мизони зарари расидаро муайян мекунад.

барчасп: