Соати 15:25 дақиқаи рӯзи 26-уми май ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарқи об шудани як навраси 13-сола дар канали “Дериватсиони” дар қаламрави кӯчаи Нодираи шаҳри Душанбе хабар расид. Бо дарёфти хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Маълум шуд, ки ғарқшуда 13 сол дошта, сокини кӯчаи Нодира, бинои 97-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт будааст.
Ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷўиву наҷот, ки муддати се рӯз идома кард, билохира ғаввосони Раёсат субҳи рӯзи 28-уми май, соати 14:57 дақиқа ҷасадро дар умқи оби канал пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Сабаби марги наврас маълум нест. Аммо эҳтимолан аз беназоратии волидону беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.
Ғарқи об шудани ноболиғону кӯдакон вақтҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад ва ин хеле нигаронкунанда аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро танҳову беназорат нагузоранд. Кулли ҳодисаҳои нохӯше, ки ба сари кӯдакон меояд, маҳз ба ҳамин беназоратӣ иртибот дорад.
Фарзандонатон нури чашмони шумо, давлату сарвати шумоянд, пас Шумо ҳам ин давлату ин сарватро нагузоред, ки дар пайи як фоҷеа аз дастатон абадан равад ва умре дар ҳасрати онҳо сӯзеду худро руҳану ҷисман дар азоб гузоред.