Хабарҳои рӯзи гузашта. Сел дар Нуробод. Таркиши мошини сӯхтбар дар Масчои Кӯҳӣ

10 майи соли 2022 аз соати 12:50 то 13:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави ноҳияи Нуробод борон шиддат гирифт. Сели азим, ки бо лойю лойқа сарозер шуда буд, наздик ба 4 гектар заминҳои кишти сокиони деҳаи Сари Қоши ноҳияро зери об кард.

Ҳамчунин лойоба 800 метр канали обёрии “50-солагии Тоҷикистон”-ро, ки заминҳои хоҷагии Хумдонро обёрӣ мекард, фаро гирифт. Бар асари ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин ба қисми навбатдории Кумита хабар расид,ки дар қаламрави ҷамоати Оббурдони ноҳияи Масчои вилояти Суғд як мошини сӯхтбар таркидааст.

Дар натиҷаи ин ҳодиса стансияи таъмин бо сӯзишворӣ хароб шуд, 6 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ҳамаи онҳо дар айни замон ба бемористони ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин инфиҷорро таҳқиқ мекунанд.

барчасп: