Аз 10 - ум то 13 майи соли 2022 дар асоси Нақшаи КҲФ оид ба чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 кормандони Раёсати ВМКБ дар шаҳри Хоруғ машқҳои ҳамаҷониба дар мавзӯъи «Амали мақомоти давлатӣ, комиссияҳо, қуввахо ва воситаҳои воҳидҳои ҳудудии системаи ягона ҳангоми таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ” гузарониданд.
Тамринҳо бо иштироки кормандони масъули Раёсати КҲФ, намояндагони комиссияҳои ноҳиявии мудофиаи гражданӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳри Хоруғ гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни тамринҳо масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва идории ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувва ва воситаҳо на танҳо барои сел, балки ба ярч, заминҷунбӣ ва эвакуатсияи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ карда шуданд.
Ғайр аз ин иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи граждании шаҳр ба ҳоли одмодабош дароварда шуданд. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ системаҳои огоҳсозии бармаҳал санҷида шуд.