Ҷаласаи Ситоди пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини аввали раиси КҲФ полковник Ҳотамшо Латифзода ва муовини раиси вилоят Амирхон Қурбонзода ҷаласаи Ситоди пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ки дар қаламрави ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб амал мекунад, баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба огоҳонидани шаҳрвандон дар маҳалҳои осебпазир, сафарбар намудани қувва ва воситаҳои Комиссия дар ҳолатҳои фавқулодда, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда, ҳашарҳо, ташкили захираҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, инчунин ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар минтақаҳои нисбатан хатарнок баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки аъзои Комиссияро зарур аст, ки дар доираи талаботи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда сари вақт чораҳо андешанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз 2 май то имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои воқеъ дар наздикии шаҳри Кӯлоб корҳои таблиғотӣ, ҳашарҳо, машқҳои ҳамаҷонибаи мудофиаи гражданӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида мешаванд.

барчасп: