Далелҳо ва оқибатҳои тобистони доғ ва зудрас дар ҷануби Осиё

жара

Тобистони имсол дар Ҳинд зуд расидааст. Миллионҳо нафар дар ин кишвар имрӯзҳо гармои тоқатфарсоро таҷриба мекунанд, ки боиси мушкилиҳо дар зиндагии рӯзмарраи мардум шудааст. Дамои болотар аз ҳолати одӣ барои ин вақти сол ҳамчунин бахшҳое аз Покистон ва шарқи Афғонистонро фаро гирифтааст.

Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд дар як ҷаласа ба аъзои кобина ва вазирони аввали кишвараш гуфт: “Дамо дар кишвар ба суръат дар ҳоли афзоиш аст ва хеле зудтар аз вақти маъмул дар ҳоли боло рафтан аст”.

Идораи ҳавошиносии Ҳинд афзоиши 2 то 4 дараҷаро барои бештари қисматҳои шимолу ғарбӣ ва марказии Ҳинд дар ин ҳафта пешбинӣ карда, гуфтааст, ки ҳатто баъд аз ин ҳамо ҳарорат тағйир нахоҳад кард. Ҳарчанд вуқуъи мавҷҳои гармо дар Ҳинд, бахусус дар моҳҳои май ва июн одӣ аст, аммо имсол тобистон зуд аз роҳ расида, ба тавре, ки ҳаво дар моҳи март гарм шуд. Дамои моҳи марти имсол дар болотарин ҳад дар 122 соли ахир буд.

Маркази улум ва муҳити зисти Ҳиндустон мегӯяд, ки мавҷҳои зудраси гармо дар соли ҷорӣ ҳудудан 15 иёлоти Ҳиндро фаро хоҳад гирифт. Интизор меравад дамо ин ҳафта дар шаҳри Деҳлӣ-пойтахти давлати Ҳинд ба 44 дараҷа расад ва ҳатто аз он ҳам гузарад.

Таъсири  ин ҳавои гарм алакай маълум аст. Кишоварзон мегӯянд дамои ғайримунтазира  тавлиди гандумро кам кардааст.

Афзоиши гармо ҳамчунин ба зиёд шудани талабот ба қувваи барқ сабаб шудааст.

Дар ҳамин ҳол сарвазири Ҳинд Норандро Моди гуфтааст, ки афзоиши гармо метавонад сабаби сар задани сӯхторҳои ғайримунтазира дар даштҳо ва ҷангалҳои ин кишвар шавад.

Манбаъ: ВВС

барчасп: