Як қатори мусофирбар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз Машҳад ба самти Язд дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама шуд. Мақомот аз ҳалокати 17 нафар ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мусофирон хабар доданд. Ин ҳодиса соати 5:30 ба вақти маҳаллӣ дар панҷоҳкилометрии Табас рух додааст.
Алиакбар Раҳимиён-ҳокими Табас дар гуфтугӯ бо хабарнигори Тасним гуфтааст, ки шумори кушташудагони ин садама ба 17 нафар расидааст.
Мақомоти имдод ва наҷот ҳам аз захмӣ шудани бештар аз 50 нафар хабар додаанд, ки 16 нафари онҳо вазъи вазнин доранд.
Соҳибмақоми Табас ҳамчунин гуфтааст, ки чанд нафар ҳоло нопадиданд ва ба эҳтимоли зиёд зери вагонҳо монда бошанд.
Равобити умумии роҳи оҳани Эрон дар иттилооте, ки ахиран ба ихтиёри хабаргузориҳо гузошт, гуфт, ки дар умум 5 вагони ин қатор дар натиҷаи бархӯрд бо як экскаватор аз роҳи оҳан хориҷ шудааст. Мирҳусайни Мусавӣ-муовини мусофирбарии ширкати Роҳи оҳан гуфтааст, ки ин экскаватор канори роҳ будааст, вале фосилаи худ бо релсро риоя накардааст, ки дар натиҷа ба локомативи вагони аввал бархӯрд кардааст. Ба иллати суръати боло 5 вагон аз релс хориҷ шудааст.
Вай ҳамчунин гуфтааст, ки зоҳиран як коргоҳи беҳсозии роҳи оҳан дар минтақа вуҷуд доштааст ва ин экскаватор мутааллиқ ба он будааст.
Мақомот гуфтаанд, ки дар ин қатор дар умум 430 нафар дар ҳоли сафар буданд. Шаш вагон хисорот дида ва аз ин се вагон вожгун шудаанд. Кулли талафоти ҷонӣ ҳам марбут ба ҳамин се вагон будааст.
Мақомот ҳамчунин гуфтаанд, ки ба далели шиддати ҳодиса наметавон баъзи ҷасадҳоро шиносоӣ кард.
Дар айни замон 3 чархбол ва даҳ мошини ёрии тиббӣ ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд.
Додситони вилояти хуросони Ҷанубӣ аз оғози парвандаи таҳқиқи ҳодиса хабар дод.
Манбаъ: ВВС, хабаргузории ИРНА