КҲФ: Ҳавои боронии рӯзҳои 17-21 – уми июн метавонанд хатари омадани селҳоро зиёд кунад
Чоп шуд: 16/06/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 17 то 21 июни соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои кисми шаркии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон меборад. Ин борон метавонад сабаби омодани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад.