Activities calendar

13 июни 2022

Наҷоти чор узви як хонавода дар рӯди Сир, ки дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии як амалиёти муваффақ чор нафареро, ки қариб буд дар дарёи Сир ғарқ шаванд, наҷот доданд.

Ин ҳодиса рӯзи 11-уми июн, тахминан соати 14:40 дақиқа рух дод. Чор нафар сокинони кӯчаи Холмуродови ноҳияи...

Партоби 18 мушак дар фазои боронии Данғара ва Ваҳдат

Рӯзи 11-уми июни соли равон Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо партоби 18 мушаки “Алазан-6” 5 ҳолати резиши жолаи харобкор дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдатро барҳам зад.

Бино ба гузориши ин хадамот аз соати 13:53 то соати 14:34 дақиқа дар фазои боронии ноҳияи Данғара 12 мушаки...

Зарари раъду барқ ба ду нафар дар Сағирдашт. Яке ҳалок шудаву дуюмӣ бо ҷароҳат бистарӣ

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ раъду барқ як нафарро дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо 15 сар гӯсфандаш ба ҳалокат расонда, як хонуми 43-солаи ҳамин мавзеъро ҷароҳатдор кардааст.

Шахси фавтида зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти

Хатари дарахти бузурги хушкшуда дар кӯчаи Нодира бартараф шуд

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо даъват шаҳрвандон як дарахти хушкидаи бузургро, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, безарар гардониданд.

Ин дарахт дар кӯчаи Нодира 79/2, ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯидаву бузург шуда буд. Сокинони ин кӯча мегуфтанд

Худкушии як сокини 55-солаи Роштқалъа, ки сабаби он маълум нест

Худкуши

Бино ба хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ як сокини 55-солаи деҳаи Мидинвиди ҷамоати деҳоти Барбози ноҳияи Роштқалъа даст ба худкушӣ задааст.

Номбурда  рӯди Шоҳдараро макони худкушӣ баргузидааст ва худро дар он сарозер кардааст.