Бино ба хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ як сокини 55-солаи деҳаи Мидинвиди ҷамоати деҳоти Барбози ноҳияи Роштқалъа даст ба худкушӣ задааст.
Номбурда рӯди Шоҳдараро макони худкушӣ баргузидааст ва худро дар он сарозер кардааст.
Дар хабар гуфта шудааст, ки аҳолии деҳа дастаҷамъӣ ба ҷустуҷӯи ғарқшуда афтоданд ва соати 15:50 дақиқа ҷасади ӯро пайдо карданд ва хешовандонаш супурданд.
Сабаби худкушӣ маълум нест.