Activities calendar

03 июни 2022

Қоидаҳои бехатарӣ то заминларза, вақти заминларза ва баъди он

Қоидаҳои бехатарӣ то заминларза

Инсон бояд дар ҳама ҳолатҳо худро барои ҳодисаҳои нохӯш омода созад, аз ҷумла барои заминларза низ. Мо дар боло ишора кардем, ки зилзила падиаест, ки ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд ва аксар мавридҳо одамонро ғофилгир мекунад.

ПЕШ АЗ  ЗАМИНЛАРЗА
Аз ин рӯ, инсонҳо бояд аз қабл худро омода кунанд. Вақте

Суҳбат аз “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

3 июни соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Қаҳрамони Тоҷикистон, ходими маъруфи давлатӣ, олими шарқшинос, журналист, муаррих, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баргузор шуд. Ин мулоқот ба шарафи 50-солагии нашри ин китоби мондагори таърихӣ баргузор гардид.

Чаро зиминларзаи шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд?

Заминларзаи шаби гузашта субҳи имрӯз баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Иддае бо назардошти такони шадид, ки дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе эҳсос шуд, ба хабари Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қувваи онро дар пойтахти кишвар 3-4 балл эълон кард, изҳори нобоварӣ карданд. Лаҳзаҳое, ки ин сатрҳо навишта мешаванд, ин баҳсҳо дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷараёнанд.

Заминларза дар кишвар. Талафони ҷониву хисороти дигар нест

Бино ба гузориши Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби гузашта, 2-уми июн соати 23:34 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Маркази заминларза 59 километр шарқи шаҳри Душанбе ва 12 километр ҷанубу шарқи Турсунзода дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.