Қоидаҳои бехатарӣ то заминларза, вақти заминларза ва баъди он

Қоидаҳои бехатарӣ то заминларза

Инсон бояд дар ҳама ҳолатҳо худро барои ҳодисаҳои нохӯш омода созад, аз ҷумла барои заминларза низ. Мо дар боло ишора кардем, ки зилзила падиаест, ки ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд ва аксар мавридҳо одамонро ғофилгир мекунад.

ПЕШ АЗ  ЗАМИНЛАРЗА

Аз ин рӯ, инсонҳо бояд аз қабл худро омода кунанд. Вақте шумо дар хонаед ё дар кӯча меравед ё бо дӯстонатон дар театру кинохона нишастаед, сайри боғу гулгашт доред ва ё савори мошин дар сафаред, ҳамеша нақшае бояд дошта бошед, ки дар ин гуна ҳолатҳо агар замин ҷунбид, чӣ бояд кард.

СУБҲИ ИМРӮЗ ВА 72 СОЛИ ПЕШ...

Волидонро лозим аст, ки дар мавзӯи заминларза бо фарзандонашон суҳбат кунанд, фаҳмонанд, ки ин чӣ падидаест ва чӣ бояд кард, агар он рух диҳад. Дар мактаб, дар соатҳои тарбиявӣ муаллимон дар ин бора суҳбатҳои махусус гузаронанд, ҳатто мутахассисонро даъват кунанд.  Даъвати мутахассис хубии дигар дорад: ӯ метавонад ёриҳои аввалияи тиббиро ба зарардидагон амалан нишон диҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна барномаҳои хуби омӯзишӣ дорад ва истифода аз ин барномаҳо барои хонандагон ва муаллимон, падарону модарон хеле муфиданд.

ИН ТАВСИЯҲО БАРОИ ҲАМА:

  • Шумо ҳатман дар хона захираи кофии оби нӯшокӣ дошта бошед, ҳаддиақал барои ду ё се рӯз ғизо низ. Дорухонаи оилавии шумо бояд ҳамеша доруҳои ниёзи аввал ва василаҳои кумаки аввали тиббӣ, аз ҷумла пахтаву докаву спирт дошта бошад.
  • Аз қабл катҳои хоби худ ва фарзандонатонро аз назди тирезаҳо дуртар ҷойгир кунед. Ҳамеша дари ҷевони хонаи шумо пӯшида бошад. Ашёи шикананда ва вазнинро аз болои ҷевонҳо ё равоқи хона бигиред ва онҳоро тавре ҷо ба ҷо кунед, ки агар афтанд ҳам, ба касе осеб расонида натавонанд ва ё нашкананд.
  • Агар шумо дар хона маводҳои кимиёвӣ ва заҳрогин дошта бошед, онҳоро ҳамеша дар ҷойҳои дастнорас ва дур аз чашми кӯдакон нигоҳ доред.
  • Ҳар кадоме аз сокинони хона бояд манбаъҳои қатъи қувваи барқ, газ ва обро донанд, то ки дар сурати ҳодисаи ногаҳонӣ тавонанд фавран онҳоро банданд.     
  • Ҳама ҳуҷҷатҳои лозимӣ бояд дар як ҷойи аниқ бошанд, ки дар сурати зарурат кофтуков накунед.     

АМАЛ ҲАНГОМИ ЗАМИНЛАРЗА

  • Вақте шумо таконеро ҳисс кардед ва ё дидед, ки қандили хонаи шумо ба ҷунбиш меояд, чизу чора аз боло ба поён меафтанд, садои ба ҳам бархӯрдани шишаҳоро шунидед, фавран аз хона берун бароед. Шумо хеле вақти кам доред, аз аввали эҳсоси такон то гузаштани замони хатар барои бино ҳамагӣ 15-20 сония.
  • Барои беруни бино шудан шумо ҳатман аз зинаҳо истифода кунед, ба лифт ҳаргиз нанишинед, чун имкон дорад қувваи барқ хомӯш шавад ва шумо дар дохили лифт монед, ки ин ба ҷонатон метавонад хатар дошта бошад.
  • Оромиро ҳифз кунед ва дигаронро низ ором кунед. Бахусус кӯдаконро наҳаросонед.
  • Вақте ба кӯча баромадед, аз назди биноҳо дуртар равед, дар фазои кушод қарор гиред.
  • Вале агар имкони берун рафтан наёфтеду дар хона мондед, дар ҷойи бехатар истед: зери деворҳои дохили бино, дар кунҷи хона. Агар имкон бошад, худро зери миз паноҳ диҳед.
  • Аз назди тирезҳо ва ҷевонҳои вазнин дур равед. Агар кӯдакон бо шумоянд, онҳоро паноҳ диҳед.
  • Ҳаргиз аз гӯгирд ва ё шамъ истифода накунед, чун агар газ ихроҷ шуда бошад, ин сабаби таркиш ва сӯхтор мешавад.
  • Худро аз зери ноқилҳои барқ дур гиред.
  • Агар шумо савори мошинед, пас дар ҷойи худ қарор гиред, то замоне, ки такони замин ба охир намерасад, аз мошин берун нашавед.
  • Ҳамеша омодаи кумак ба одамони дигар, ба атрофиён ва пайвандонатон бошед.     

БАЪДИ ЗАМИНЛАРЗА ЧӢ БОЯД КАРД?

  1. Ба осебдидагон ёрӣ расонед.
  2. Хеле эҳтиёткор бошед! Бехатрии кӯдакон, солмандон, беморон ва занонро таъмин кунед. Онҳоро ором созед, гӯед, ки дигар хатар вуҷуд надорад, замин аз ҷунбиш бозмонд.
  3.  
ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР ЗАМИНЛАРЗАИ СУБҲИ ИМРӮЗ. КОМИССИЯИ РАФЪИ ПАЁМАДҲОИ ЗИЛЗИЛА БА КОР ОҒОЗ КАРД
  1. Безарурат телефони худро машғул надоред.
  2. Ба хабарҳои радио диққат диҳед, гӯш андозед, эҳтимол хабаре пахш мешавад, ки барои шумо хеле лозим аст.
  3. Ба маслиҳату машварати ҳукумати маҳаллӣ ва ситоди бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ гӯш диҳед, тибқи он амал кунед
  4. Санҷед, ки оё дар наздикии шумо симҳои харобшудаи барқ ҳастанд ё не. Аммо шумо дар ёд дошта бошед, ки дар ҳоли заминларзаи шадид интиқоли қувваи барқ дар шаҳрҳои бузург фаврӣ ва ба таври худкор қатъ мешавад.
  5. Аз хати интиқоли газ ва шабакаҳои обрасонӣ хабар гиред. Агар ноҷӯрие ҳисс кардед, пас зуд онро ислоҳ кунед.
  6. Вақте аз зинаҳо поин мешавед, саросема нашавед. Бинед, ки онҳо то куҷо устувору маҳкаманд, зеро маъмулан дар заминларза унсурҳое аз он беҷо мешаванд, ки хатарноканд. 
  7. Зери  деворҳои харобшуда наравед.
  8. Шумо ҳамеша худро ба такрори пурқудрати заминларза зарфи 2-3 соати оянда омода кунед, зеро замин метавонад дар ин муддат дубораву себора ва ҳатто бо қувваи бештар такон хӯрад. 
  9. Аз бино бе зарурат берун набароед.
  10. Боз ҳам ба воҳима дода нашавед, овоза паҳн накунед, чизеро, ки намедонед, ба дигарон нагӯед.
  11. Танҳо ба маълумоти расмӣ диққат диҳеду ба он бовар намоед. Дар ин гуна ҳолаҳо мақомоти расмӣ аз тариқи ниҳодҳое чун ВКД, КҲФ вазъро дақиқ гузориш медиҳанд.
  12. Агар шумо зери сангу хоктӯдаҳо мондед, оромона аввал вазъро таҳлил кунед. То ҳадди имкон ба худ ёрии тиббӣ расонед. Талош кунед бо одамон иртибот гиред, садо бароред, агар метавонед бо санг ё ҳар чизи сахт ба трубаҳо, батареяҳо кубед, то садои шумо, сигнали шумо шунида шавад.
  13. Қувваи худро эҳтиёт кунед. Дониста бошед, ки инсон бе ғизо метавонад то ним моҳ ҳам зинда бимонад.