Activities calendar

21 июни 2022

Сел дар ноҳияи Рӯдакӣ заминҳои кишт ва як пулро шуст, 8 сар чорвои калонро ҳалок кард

Тибқи маълумоти сардори шуъбаи  Кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи гузашта, соати 16:30 дақиқа, бинобар сабаби боришоти зиёд  дар ҷамоати деҳоти Эсанбой  аз талу теппаҳо сел фаромада,  роҳи ҷамоат то маркази ноҳия,  аз километри 16 то 54-ум муваққатан баста гардид. Иничунин дар километри 68-ум 1 адад пули мошингузар, ки маркази ноҳияро ба ҷамоати деҳоти Эсанбой пайваст мекард, пурра шуста вайрон намудааст.

Зарари сел ба се хона ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Хуросон

Тибқи маълумоти сардори бахши  Кумита дар ноҳияи Хуросон рӯзи 20-уми июни соли 2022 соати 14:30 дақиқа, бинобар сабаби боришоти зиёд  дар ҷамоати деҳоти Ғалаобод, деҳаи Меҳнатобод аз минтақаи обгузари маҳаллаи Низомбои дараи Оқсу, минтақаи №1  сел омад.

Дар натиҷа зиёда ба 30 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, иншоотҳои ёрирасон, симтурҳо, хатҳои барқ, роҳҳои мошингузари байни деҳаҳо, қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашонӣ зарар расидааст.

Таркиши баллони газ дар қаҳвахонаи “лола”. Шарҳи расмӣ

Субҳи рӯзи 20-уми июни соли равон, соати 09:25 дақиқа дар хиёбони  Рӯдакӣ № 13/1, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар дохили қахвахонаи  “Лола”  дар натиҷаи таркиши балони гази моеъ  сӯхтор ба амал омад.

Сӯхторро хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе пурра хомӯш кард.

Инфиҷор талафоти ҷонӣ надошт. Вале се нафар шаҳрвандони аз 20 то 32-сола бо ҷароҳатҳо ба беморхонаи марказии №3-и шаҳри Душанбе интиқол ва бистарӣ карда шуданд. Онҳо зери назорати духтурон қарор доранд.

Пайдо шудани ҷасади як марди шахсияташ номаълуми ба тахмин 35-40 сола дар оби канал

Рӯзи 20 июни соли 2022, соати 1954 дақиқа  нозири милитсияи минтақавӣ ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар дохили канали “Дериватсионӣ” Варзоб, дар имтидоди соҳили канал, ки аз кӯчаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ убур мекунад, ҷасади як шахси номаълум намудор шудааст.

Сели харобкор дар Деваштич. Ба заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ зарар расонд (ВИДЕО)

Бино ба гузориши сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Деваштич дирӯз, 20-уми июн соати 11:20 дақиқа дар деҳаҳои Басманда ва Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти И.Сомонӣ бар асари боронҳои шадид сел омад.

Сел ба заминҳои назди ҳавлигии шаҳрвандон, хоҷагиҳои ёрирасон, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳои маҳалӣ зарар расонда,  ба 150 метр канали обгузар  лойқа ва сангу шағал ворид кардааст.