Таркиши баллони газ дар қаҳвахонаи “лола”. Шарҳи расмӣ

Субҳи рӯзи 20-уми июни соли равон, соати 09:25 дақиқа дар хиёбони  Рӯдакӣ № 13/1, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар дохили қахвахонаи  “Лола”  дар натиҷаи таркиши балони гази моеъ  сӯхтор ба амал омад.

Сӯхторро хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе пурра хомӯш кард.

Инфиҷор талафоти ҷонӣ надошт. Вале се нафар шаҳрвандони аз 20 то 32-сола бо ҷароҳатҳо ба беморхонаи марказии №3-и шаҳри Душанбе интиқол ва бистарӣ карда шуданд. Онҳо зери назорати духтурон қарор доранд.

Як нафари ин ҷароҳатбардоштагон сокини ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат буда, 20 сол доштааст.

Ду нафари дигар сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, ки яке 32-сола ва дуюмӣ 36 сола мебошанд. 

барчасп: