Зарари сел ба се хона ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Хуросон

Тибқи маълумоти сардори бахши  Кумита дар ноҳияи Хуросон рӯзи 20-уми июни соли 2022 соати 14:30 дақиқа, бинобар сабаби боришоти зиёд  дар ҷамоати деҳоти Ғалаобод, деҳаи Меҳнатобод аз минтақаи обгузари маҳаллаи Низомбои дараи Оқсу, минтақаи №1  сел омад.

Дар натиҷа зиёда ба 30 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, иншоотҳои ёрирасон, симтурҳо, хатҳои барқ, роҳҳои мошингузари байни деҳаҳо, қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашонӣ зарар расидааст.

Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин офати табиӣ се хонаи истиқоматии шаҳрвандон аз вуруди лойқа пурра бо ашёҳои рӯзгор хароб гардидаанд.  

20 нафар кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо ду адад техника ҳамроҳ бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва сохторҳои қудратии ноҳияи Хуросон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ба рафъи паёмадҳои офати табиӣ оғоз кардаанд. 

Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда шумораи хонаҳои истиқоматии харобгашта ва  ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. 

барчасп: