Рӯзи 20 июни соли 2022, соати 1954 дақиқа нозири милитсияи минтақавӣ ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар дохили канали “Дериватсионӣ” Варзоб, дар имтидоди соҳили канал, ки аз кӯчаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ убур мекунад, ҷасади як шахси номаълум намудор шудааст.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.
Кормандони наҷот ҷасадро, ки як марди ба тахмин 35-40-сола буд, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Шахсияти ғарқшуда ва сабабҳои фоҷеа маълум нест. Мақомот ба тафтиши ҳодиса оғоз кардаанд.