Бино ба гузориши Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби гузашта, 2-уми июн соати 23:34 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.
Маркази заминларза 59 километр шарқи шаҳри Душанбе ва 12 километр ҷанубу шарқи Турсунзода дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.
Ин манбаъ гуфтааст, ки қувваи заминларза дар маркази он 4,4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.
Аз талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар хабар нарасидааст.