3 июни соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Қаҳрамони Тоҷикистон, ходими маъруфи давлатӣ, олими шарқшинос, журналист, муаррих, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баргузор шуд. Ин мулоқот ба шарафи 50-солагии нашри ин китоби мондагори таърихӣ баргузор гардид.
Дар нишаст Шарифзода Абдувалӣ, номзади илми таърих, мудири шуъбаи илм ва техникаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд.
А.Шарифзода зимни суханронии худ қайд намуд, ки бидуни донистани таърихи халқи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Дар ташаккули ҳар як миллат бузургоне ҳастанд, ки номашон аз хотири халқ ҳаргиз фаромўш нахоҳад буд. Хушбахтона, дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик чунин шахсиятҳо зиёданд ва онҳо на танҳо ифтихори халқи мо, балки ифтихори мардуми ҷаҳон низ ҳастанд.
«Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ, дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва ҷоизаҳои кишварҳои хориҷӣ мебошад. "Тоҷикон" миллати тоҷикро ҳамчун миллати мутамаддин ва таърихӣ барои наслҳои гузашта, имрӯз ва оянда муаррифӣ мекунанд», - гуфт ӯ.
Инчунин, оид ба мазмуни умумии китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба ҳозирин маълумоти муфассал пешкаш намуд.
Вай таъкид кард, ки ин китоб дар ҳифзу таблиғи осори фарҳангиву таърихии тоҷикон ва интиқоли он ба наслҳои оянда нақши муҳим дорад.
Илова бар ин, дар доираи вохӯрӣ намоиши дастаҷамъонаи филми мустанади «Шикасти фитна» ташкил карда шуд.