Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо даъват шаҳрвандон як дарахти хушкидаи бузургро, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, безарар гардониданд.
Ин дарахт дар кӯчаи Нодира 79/2, ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯидаву бузург шуда буд. Сокинони ин кӯча мегуфтанд ҳолати дарахти хушк ба амнияти манзилҳои истиқоматӣ таҳдид мекунад.
Пас аз дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 12:50 дақиқа, ҳолати баамаломада бартараф намуданд.