Наҷоти чор узви як хонавода дар рӯди Сир, ки дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии як амалиёти муваффақ чор нафареро, ки қариб буд дар дарёи Сир ғарқ шаванд, наҷот доданд.

Ин ҳодиса рӯзи 11-уми июн, тахминан соати 14:40 дақиқа рух дод. Чор нафар сокинони кӯчаи Холмуродови ноҳияи Ҷабор Расулов ҳангоми шиноварӣ дар ҷои манъшуда барои оббозӣ дар мавзеъи истироҳатии Наврузгоҳи дарёи Сир аз надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудаанд.

 Амалиёти саривақтии наҷотдиҳандагони Кумита дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ки дар соҳилҳои дарё навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд, сабаби наҷоти саривақтии онҳо шуд.

Ҳамаи онҳо узви як хонадон будаанд, ки яке 37 – сола буд ва се нафари дигар аз 10 то 13 сол доштанд.

барчасп: