Рӯзи 11-уми июни соли равон Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо партоби 18 мушаки “Алазан-6” 5 ҳолати резиши жолаи харобкор дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдатро барҳам зад.
Бино ба гузориши ин хадамот аз соати 13:53 то соати 14:34 дақиқа дар фазои боронии ноҳияи Данғара 12 мушаки “Алазан” партоб шуд ва аз резиши жола дар 3 минтақа пешгирӣ ба амал оварданд.
Аз 13:32 то соати 16:05 дақиқа партоби 6 адад мушаки навъи “Алазан-6” 2 минтақаи жоларез дар шаҳри Ваҳдатро безарар кард.
Партоби мушакҳо садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзиро дар хатар наҷот дод.