Зарари раъду барқ ба ду нафар дар Сағирдашт. Яке ҳалок шудаву дуюмӣ бо ҷароҳат бистарӣ

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ раъду барқ як нафарро дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо 15 сар гӯсфандаш ба ҳалокат расонда, як хонуми 43-солаи ҳамин мавзеъро ҷароҳатдор кардааст.

Шахси фавтида зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон буда, 27-сол доштааст, соҳиби оила ва як фарзанд будааст.

Дар хабар омадааст, ки ҳодиса рӯзи 12-уми июн, тахминан соати 19:21 дақиқа рух додааст. Марҳум дар чарогоҳ саргарми чорвочаронӣ будааст. 

ДОСТОНИ БОРИШ ВА БОРАНДАГӢ ДАР ШАШ ГУФТОР. ГУФТОРИ ШАШУМ:БАРҚ

Хонуми 43-солаи сокини ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвозро раъд  дар рӯи ҳавлӣ задаву маҷруҳ кардааст.

Дар айни замон ӯ дар беморхонаи ноҳиявӣ таҳти муолиҷаи табибон қарор дорад. 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

СЕЛФИИ САРХӮР. РАЪДУ БАРҚ ДАР ҲИНД ҶОНИ 11 НАФАРРО ҲАНГОМИ СЕЛФӢ ГИРИФТ

БАР АСАРИ РАЪДУ БАРҚ ЗАРФИ ДУ РӮЗ 110 НАФАР ДАР ҲИНД КУШТА ШУДАНД (ВИДЕО)

барчасп: