Селфии сархӯр. Раъду барқ дар Ҳинд ҷони 11 нафарро ҳангоми селфӣ гирифт

Дар шаҳри Ҷойпури Ҳинд раъду барқ ҷони 11 нафарро гирифт ва теъдоди зиёдеро маҷрӯҳ кард. Бино ба гузориши расмии ҳукумати Ҳинд ҳамаи ин ҷонбохтагон дар як бурҷ ва қалъаи сайёҳӣ дар ҳоли гирифтани акс аз худашон ё селфӣ буданд.  Ин қалъа барои гардишгарон бисёр ҷаззоб буда ва аз нуқоти маъруфи шаҳр маҳсуб мешудааст.

Дар замони вуқӯъи ин ҳодиса ҳудуди 27 нафар дар рӯи бурҷ ва девори ин қалъа буданд ва гуфта мешавад, ки бархе аз онҳо дар замони вуқӯи раъду барқ аз болои бурҷ ба поин паридаанд.  Як мақоми аршади пулис ба хабарнигорон гуфтааст, ки  бурҷи ин қалъа яке аз ҷозибаҳои пуртарафдори шаҳр буда ва бештари ҷонбохтагон ҷавонон ҳастанд.  

Дар Ҳинд аз соли 2004 то кунун солона ба ҳисоби миёна 2 ҳазор нафар бар асари раъду барқ ҷони худро аз даст медиҳанд

Рӯзи якшанбе дар иёлоти Роҷистон 9 марги дигар ҳам бар асари раъду барқ сабт шудава шаҳри Ҷойпур ҳам дар ҳамин иёлот қарор дорад.

Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки ба хонаводаҳои ҷонбохтагон аз буҷаи давлат ҳудуди 6 ҳазору 700 доллар дода хоҳад шуд.

Гуфтанист, ки дар Ҳинд фасли боронҳои шадид аз моҳи июн оғоз мешавад ва то моҳи сентябр идома мекунад.

Манбаъ: ВВС

барчасп: