Activities calendar

19 июли 2021

Муҳимтарин хабарҳо аз КОВИД-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро 191 миллиону 110 ҳазору 490 нафар эълон кард. То кунун аз ин бемории ҳамагир 4 миллиону 103 ҳазору 396 нафар ҷон бохтаанд.

Кишварҳое, ки сироятшудаи бештар доранд:

ИМА— 34 959 706

Харобиҳои сел дар Олмон Садриаъзам Меркелро ҳайратзада кард

Боронҳои пуршиддат, ки сабаби омадани селҳои харобкор дар ғарби Олмон шуда буданд, ба охир расиданд, сели пурхурӯш батариҷ рӯ ба оромӣ овард, сатҳи об дар рӯдхонаҳо поин рафт. Ин сели харобкор танҳо дар Олмон 157 нафар ва дар Белгия беш аз 30 нафарро кушт. Ҳоло дар Олмон ва Белгия теъдоде бенишон гум шудаанд ва табиист, ки омори марг ниҳоӣ нест, балки эҳтимоли афзоиши он вуҷуд дорад.

Наҷотдиҳандагон дар Суғд як зани 27-соларо, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот доданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҳодисаи худкушӣ дар вилояти Суғд пешгирӣ карданд.

Бино ба гузоиши Қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд шахсе изтиробовар хабар додааст, ки дар пули бузурги дарёи Сир, ки ду гӯшаи Хуҷандро ба ҳам васл

Кумакҳои навбатии башардӯстона ба офатрасидагони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагон  аз заминларза бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз рӯзҳои аввали офат кӯмак дар шакли маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ғайриозуқавӣ мунтазам расонида мешаванд.

Доктор Абдуллоҳ Давлатов : Ҷурғоту чаккаву дуғу амсоли инҳо микробиоми рӯдаҳоро дар низом нигоҳ медоранд

Сарлавҳаи суҳбати дуюми худро бо доктор Абдуллоҳ Давлатов, духтури   тоҷики муқими Москав махсус чунин гузоштам, чун як бахши меҳварии ин суҳбат парҳез аз ғизо дар замони гирифторӣ ба КОВИД-19 аст, ки иддае аз мутахассисон бо такя ба тибби ба гуфти худашон классикӣ анвоъи маводи сервитамин ва муфидро парҳез фармудаанд.
Суолҳои ин суҳбат баъди суҳбати аввал аз тариқи баҳсҳо