Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҳодисаи худкушӣ дар вилояти Суғд пешгирӣ карданд.
Бино ба гузоиши Қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд шахсе изтиробовар хабар додааст, ки дар пули бузурги дарёи Сир, ки ду гӯшаи Хуҷандро ба ҳам васл мекунад, духтаре дар қасди худкушист. Бо дарёфти хабар имдодгарон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
Наҷотдиҳандагон бо ин зан, ки баъдан маълум шуд 27 сол доштаву сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд будааст, вориди гуфтугӯ шуданд. Бо суҳбату маслиҳату машварат билохира ӯро аз қасди худкушӣ боздоштанд.
Ин зани ҷавон дар суҳбату муколамаҳояш сабаби даст ба ин кор заданашро нагуфт. Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои қасди худкуширо мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд.