Ситоди ҷумҳуриявӣ ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болоро ҳатмӣ эълон кард
Чоп шуд: 03/07/2021 | redaktorСитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, онҳоро ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин ба истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои қамъиятӣ даъват менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».