Бозори Басман (то соли 1994 бозори Бауман) як бозори бузург дар кӯчаи Баумани ноҳияи Басмани пойтахти давлати Русия шаҳри Москав буд, ки аз соли 1975 то соли 2006 фаъолият кард. Субҳи рӯзи 23-уми феврали соли 2006, соати 05:20 дақиқа боми он фурӯ рафт ва дар ин ҳодиса 68 нафар ҷон бохтанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. 33 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Масоҳати харобшудаву валангоргашта 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод ва дар роҳандозии корҳои наҷот 993 нафар ширкат карданд.
Дар гузашта дар қаламрави ин бозор бозори олмонӣ ҷойгир шуда будааст ва баъди соли 1917 ба мавҷудияти худ хотима додааст. Аммо тиҷорат дар ҳудуди бозори қадима то миёнаҳои солҳои 70-ум дар шакли бозори колхозӣ идома доштааст, ки танҳо рӯзҳои истироҳат фаъол мешудааст.
Соли 1974 дар кӯчаи Бауман бо тарҳи меъмор Лев Гилбурд бозори нави дуошёна сохта мешавад. Тарҳи боми он дар шакли косаи қутраш 90 метрро муҳандис Нодар Канчели кашидааст. Ин бозор дар доираи сохтмонҳои Олимпиадаи соли 1980-и Москав пурра сохтаву мавриди истифода қарор дода шудааст. Канчели як тарроҳи номваре буд, ки на танҳо дар ИҶШС, балки дар олам шуҳрат дошт. Дар Лондон ӯ дар рӯйхати даҳгонаи беҳтарин тарроҳони сохтмон дар соли 1974 дохил карда буданд.
Хулоса, ин бозор соли 1975 номи Бауманро гирифт ва яке аз бозорҳои бузурги Москав дониста мешуд. Дар он иддае аз ҳамватанони мо низ то ва баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тиҷорат мекарданд. Ин бозор ғайр аз бинои асосӣ боз гӯшаи дигаре ҳам дошт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ шабона будубош мекарданд ва рӯзона қут меёфтанд.
Дар аввали соли 2006 дар ин бозор маҳсулоти ғизоӣ, молҳои ниёзи аввал ва маводи сохтмон тиҷорат мекарданд. Ҳамарӯза он то 4 ҳазор харидор дошт.
Фарзияи амали террористӣ рад шуд ва бештар сабаби ин рӯйдодро тарроҳии бануқс, истифодаи нодуруст, саҳлангориву хунукназарии роҳбарон унвон карданд.
Ва ҷолиб он аст, ки дар доираи тафтишот аз тарроҳи боми он муҳандиси шинохта Нодар Канчели низ ном бурда шуд. То ин замон, соли 2004 ӯ баъди фурӯ рафтани аквапарки “Трансваал”, ки сабабгори марги 28 нафар шуда буд, гунаҳгори ин ҳодиса эълон шуда буд. Аммо дар мавриди бозор баъдҳо кулли таҳлилгарон ба ин натиҷа расиданд, ки фурӯравии он ба айби тарроҳии бом аз ҷониби Канчели набуд ва тафтишот низ ин шубҳаро аз парванда бардошт.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН: