Ин ҳодиса 12-уми майи соли 2002 соати 09:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Бар асари фурӯ рехтани бом 8 бинокоре, ки ба таъмири он машғул буданд, ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса киштии кайҳониии “Буран” - фазопаймо , ки ба фазо партов мешуд, хароб гардид, баъзе қисматҳои партобгари “Энергия” ва нусхаи намоишии он аз кор баромад.
“Буран” (“Тӯфон”) ягонаи фазопаймои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ба таври комил сохта ва дар мадори Замин озмоиш шуд. Он аввалин бор 15-уми ноябри соли 1988 дар муддати 3 соату 40 дақиқа бидуни сарнишин дар фазо ва сипас ба фурудгоҳи Байконури Қазоқистон бо як Миг-25, ки ҳавопайморо аз иртиқои бисткилометрии сатҳи Замин то фуруд ҳамроҳӣ мекард, ба замин нишаст.
Сарнавишти ин фазопаймо ҷолибу донистанист. Соли 1984 дар Институти таҳқиқоти фазоии ба номи М.М.Громов интихоби хадамаи парвоз (экипаж) барои санҷиши шабеҳи “Буран” – БТС-02 оғоз шуд ва он то соли 1988 идома ёфт. Қарор буд касоне, ки интихоб мешаванд, барои санҷиши “Буран” низ ширкат мекунанд ва Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ И.Волк масъули интихоб таъин шуд. Аз миёни ҳавонавардон 7 нафар аз нигоҳи ҷисмониву равонӣ қудратманд: В. Букреев, А. Шукин, Р. Станкявичюс, А. Левченко, О. Кононенко, А. Лисенко ва Н. Садовников интихоб шуданд.
17-уми майи соли 1977 аввалин шуда Виктор Букреев ҳангоми парвози машқӣ бо ҷангандаи МиГ-25 ҳалок шуд. Парвози аввали вай муваффақона буд, аммо дар парвози дуюм чархҳои пеши ҳавопаймо шикастанд ва он оташ гирифт. Букрев дар ин ҳодиса сӯхт, ҳарчанд зинда то бемористон бурданд, вале 22-уми май ҷон супурд.
Александр Лисенко 23-уми июни ҳамон сол ҳангоми санҷиши дастгоҳи пилотаж дар ҷангандаи МиГ-23 ҳалок шуд. Дар фазо ин таҷҳизот аз кор монд ва ҳавопаймо ба замин зад.
8-уми сентябри соли 1980 Олег Кононенко ҳангоми санҷиши ҷангандаи Як-36 дар тамринҳои баҳри Чини Ҷанубӣ ҳалок шуд. Дар рафти санҷиш ва тамрин баногаҳ ду мотори он аз кор монд ва дар об сарнагун шуд.
Ҳамаи ин ҳодисаҳову фоҷеаҳо кори “Буран”-ро то соли 1988 мавқуф гузоштанд ва билохира аввалин парвози он ба муддати 205 дақиқа 15-уми ноябри соли 1988 сурат гирифт, ки дар ин муддат ду маротиба мадори Заминро давр зад ва ба тартибе, ки болотар аз он ёд кардем, ба Замин фуруд омад.
Боқимондаҳои «Буран» - ро кормандони космодроми Байконур ба қисмҳо ҷудо кардаву баъдан чун оҳанпора фурӯхтанд. Аммо хеле баъдҳо маълум шудааст, ки се нусхаи муҳаррики РД-0120 – ро аввал чун чизи нолозим аз ҳисоб хориҷ карданд, аммо баъд ба Чин фурӯхтанд.
БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ