COVID-19: Нигарониҳо аз афзоиши штамми ҳиндии коронавирус дар олам. 90% мубталоёни нав дар Москав аз гунаи ҳиндӣ сироят шудаанд
Чоп шуд: 19/06/2021 | adminШоми 18 июни соли равон дар олам шумори гирифторон ба коронавирус 178 миллиону 475 ҳазору 921 нафар эълон шуд.
Сумая Сваминатан – як корманди илмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки Делта SARS-CoV-2, ки пештар бо номи штамми ҳиндӣ машҳур шуда буд, ҳоло шояд оламгир шавад. Бино ба иттилои ин созмон гунаи ҳиндии коронавирус то