Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод ва гармиҳои рӯзҳои оянда
Чоп шуд: 01/06/2021 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷанубии кишвар хокбод интизор меравад.
Аз 3 то 5-уми июни соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон то ба 45 дараҷа болоравии дамои ҳаво дар назар аст.