Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод ва гармиҳои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷанубии кишвар хокбод интизор меравад.

Аз 3 то 5-уми июни соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон то ба 45 дараҷа болоравии дамои ҳаво дар назар аст. Ин боиси ба вуҷуд омадани селҳо дар маҳалҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мешавад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар хотиррасон мекнуад, ки саломатии худро эҳтиёт кунанд. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯши эҳтимолӣ вобаста ба ногаҳон омадани сел тоза кардани ҷӯйбору каналҳо, селравҳоро фаромӯш насозанд.

барчасп: