COVID-19: Хушбинии сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз коҳиши рӯзафзуни гирифторон ба коронавирус
Чоп шуд: 09/06/2021 | redaktorСарвари созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус гуфт, ки аз моҳи май шумори гирифторон ба коронвирус дар олам рӯ ба коҳиш овардааст. Аммо вай ҳушдор дод, ки штамми нави коронвирус, ки ҳоло таҳдид мекунад, барои касоне, ки зидди ин беморӣ худро эм накардаанд, метавонад марговар бошад. Табибон ба ин назаранд, ки муҳимтарин сипар зидди коронавирус ин эмкунии сартосарии аҳолии Сайёра мебошад.