Боздиди навбатии генерал Назарзода аз маконҳои офатрасида дар вилояти Хатлон

8 – уми июни соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз маконҳои офатзадаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дидан кард.

Сарвари КҲФ бо ҷараёни корҳои барқароркунии паёмадҳои офати табиӣ ва идомаи бинои хонаҳои нав ба офатрасидагон аз наздик шинос шуд.

Сарварони шуъбаҳои КҲФ дар маҳалҳо ба сарвари Кумита маълумот дар мавриди корҳои анҷомшуда, кумак ба осебдидагон, ёриҳо барои бунёди хонаҳои нав, роҳсозиҳо ва ғайра муфассал маълумот доданд. 

Бояд гуфт, ки Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар, ташкилотҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватанӣ ба аҳолии зарардида дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ, доруворӣ, ашёи рӯзгор пайваста кумак мерасонад.

барчасп: