Сарвари созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус гуфт, ки аз моҳи май шумори гирифторон ба коронвирус дар олам рӯ ба коҳиш овардааст. Аммо вай ҳушдор дод, ки штамми нави коронвирус, ки ҳоло таҳдид мекунад, барои касоне, ки зидди ин беморӣ худро эм накардаанд, метавонад марговар бошад. Табибон ба ин назаранд, ки муҳимтарин сипар зидди коронавирус ин эмкунии сартосарии аҳолии Сайёра мебошад.
Дар озмоишгоҳҳои ИМА паҳн шудани коронавирус аз як маркази илмиро имконпазир медонанд.
Фаронса тести ҳатмӣ ба COVID-19 барои воридшавандагон аз Иттиҳодияи Аврупоро лағв кард. Аммо касоне, ки аз Русия ворид мешаванд, бояд ҳатман тест супоранд.
Шабонарӯзи гузашта дар Олмон боз 1204 нафарро чун мубтало ба коронвирус ба қайд гиифтанд. Беш аз минтақаҳои дигар сокинони Рейни Шимолӣ — Вестфалия (бо 810 456 гирифтор), Бовария (бо 642 688) ва Баден-Вюртемберг (бо 712 мубтало) аз COVID-19 ҷабр дидаанд.
Дар Ҳинд шумори фавтидагон аз коронавирус аз 350 ҳазор гузашт. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар ҳудуди 29 миллион нафарро чун сироятшуда ба COVID-19 сабт карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, ки зарфи чанд ҳафтаи охир шумори мубталоён пайваста рӯ ба коҳиш овардааст.
Дар Филиппин сирояти бошуурона ба COVID-19 чун амали худкушӣ арзёбӣ мешавад.
Дар Молдавия истеҳсоли воксани русии "Спутник V" оғоз мешавад.
Дар Латвия аввалин ҳодисаи сироят ба штамми колумбиёии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 9977 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 сабт шудааст.
Шумори гирифторон ба коронавирус дар Қазоқистон ба 395 832 ва дар Қирғизистон ба 107 714 нафар расидааст. Сатҳи маргумир дар Қазоқистон 1,03% ва дар Қирғизистон 1.73% мебошад.
Теъдоди сироятшудагон ба COVID-19 дар Узбекистон 102 163 нафар ва сатҳи маргумир аз ин беморӣ 0,68% эълон шудааст.