Охирин хабарҳо: Харобкориҳои боди шадид дар Хатлон. Заминларзаи беосеби субҳи имрӯз. Марги ду нафар дар обҳои Суғд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳое табиие чун заминларза, боди шадид ба қайд гирифта шуданд. Ҳамчунин ду ҳодисаи нохӯш дар обҳо низ сабт шудааст.

Чунончӣ, 31 майи соли 2021 бар асари боди сахту шадид дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ зарар диданд, боми хонаҳои баъзе сокинон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва иншоотҳои ёрирасон қисман зарар диданд. 

Дар ноҳияи Темурмалик низ дар натиҷаи боди шадид зарари расида дар беш аз 200 хоҷагӣ дар 7 ҷамоати деҳот ба қайд гирифта шуд. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. Талафоти ҷонӣ ва ҳамчунин нобудии ҳайвоноти хонагӣ низ ба қайд гирифта нашудааст.  

Бино ба гузориши Институти зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон субҳи имрӯз, 1-уми июн соати 06:26 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд. Маркази он 293 км ҷанубу шарқи Душанбе, 43 км шимолу шарқи шаҳри Хоруғ буд. Қувваи заминларза дар маркази он 4-5 балл, дар шаҳри Хоруғ 4 баллро ташкил дод. Талафоти  ҷонӣ ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

Ду сокини вилояти Суғди кишвар, ки яке 22 сол дошту дуюмӣ 47 сол шабонарӯзи гузашта ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ғарқ шудаанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандони ҳалокшудагон нисбати марги бармаҳалу фоҷеавии ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ мекунад. Ҳамзамон ба сокинон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатарии шиновариву оббозиро фаромӯш накунанд.  

барчасп: