Мусобиқоти варзишӣ дар КҲФ

Якуми июни соли равон ҳайати шахсии Қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи сангбардорӣ ва давидан ба масофаи 3000 метр ширкат намуд.

 Се ҷойи аввал дар варзиши сангбардорӣ насиби майор Субҳиддин Нуриддинзода, лейтенант Аминҷон Давруқов ва лейтенант Шарифҷон Абдуллоев шуд.

Дар давидан ба масофаи 3000метр лейтенант Ҳофизи Сайидмурод, капитан Зафар Маҷидов ва капитан Убайдулло Баротов се ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Гуфтанист, ки ин гуна мусобиқоти варзишӣ тибқи барномаи таблиғи тарзи зиндагии солим дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста гузаронида мешавад.

барчасп: