РАФТАНИ ҶАМЪӢ. Дастаҳову гурӯҳҳои ба ҳамрафта дар сонеҳаҳои ҳавопаймоӣ

11-уми моҳи августи соли 1979 дар ноҳияи Днепродзержинский ду ҳавопаймои Ту-134 мансуб ба ширкати давлатии ҳавопаймоии “Аэрофлот” ба ҳам бархӯрданд. Яке бо хатсайри Челябинск — Воронеж — Кишинёв ва дуюмӣ ба самти Тошканд — Гурйев — Донетск — Минск дар ҳоли парвоз буданд. Дар натиҷа 178 сарнишини ду ҳавопаймо, ки дар миёни онҳо аъзои тими футболи Лигари олии Узбекистон “Пахтакор”, мураббӣ ва духтури онҳо буданд, ба ҳалокат расиданд. Сабаби ин фоҷеа иштибоҳи диспетчер унвон шуд.

****    ****    ****

Дастаҳои варзишӣ дар таърихи мавҷудияти худ борҳо ба ин гуна ҳодисаву фоҷеаҳо рӯ ба рӯ шудаанд. 18-уми моҳи ноябри соли 1948 дар гулугоҳи Ле-Манш 6 хокейбози машҳури Чехословакия ба ҳолат расиданд. Он замон дастаи хекейи Чехословакия пурқудраттарин дастаҳо дар Аврупо буд ва барои ширкат дар як бозии рафиқона ба Лондон парвоз карда буд. Бо сабаби номаълум ҳавопаймои онҳо ба гулӯгоҳ сарнагун шуд ва касе зинда намонд.  

****    ****    ****

АЗ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХ. САРНАГУНИИ ДУ ҲАВОПАЙМО РӮЗҲОИ 23-24 МАРТИ СОЛҲОИ 1991-2015 ДАР ӮЗБЕКИСТОН ВА ФАРОНСА

5 январи соли 1950 ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи шаҳри Свердловск дар як шароити номусоиди обу ҳаво ҳавопаймои боркаши ҳарбӣ дучори садама шуд. Дар он 19 нафар сафар мекарданд, ки 11 тани онҳо хокейбозон, духтур ва маҳсгари тими хокейи қувваҳои ҳарбӣ буданд. Устураи хокей ва футбол Всеволод Бобров ба парвоз дер монда буд ва ҷон ба саломат бурд. 

 ****    ****    ****

15 – уми моҳи феврали соли 1961 тими яккачини ИМА барои ширкат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар варзиши рақси рӯи ях ба Брюсел парвоз карда буд. Ҳангоми фуруд ба фурудгоҳ ҳавопаймо дучори садама шуд. Ҳамаи 72 сарнишини он ба ҳалокат расиданд, ки дар миёни онҳо 18 нафар аъзои тими якачини ИМА дар варзиши рақси рӯи ях ва 5 мураббии онҳо буданд. Мусобиқаи қаҳрамонӣ лағв шуд.

 ****    ****    ****

ФЛОТИ САР АЗ ТАН ҶУДО. 40 СОЛ ПЕШ ҲОДИСАЕ РУХ ДОД, КИ ФЛОТИ УҚЁНУСИ ОРОМИ ШӮРАВИРО КУЛЛАН БЕСАРВАР ГУЗОШТ

 7 – уми сентябри соли 2011 ҳавопаймои Як-40 бо як парвози чартерӣ аз Ярослав ба Минск парвоз кард. Вай натавонист баландии лозим барои парвозро дарёбад ва ҳамзамон ба боло шуданд дубора ба замин зад ва таркид. Дар он тими хокейбозони “Локомотив”-и Ярослав парвоз мекард ва 45 нафар бозигарон, мураббӣ ва дигар аъзои хадамаи он ба ҳалокат расиданд. Дар ин суқути ҳавопаймо танҳо як нафар аз узви хадамаи он зинда монд.   

САФАРИ НОМУВАФФАҚ

Дог Ҳаммаршулд

Шаби 18-уми сентябри соли 1961 Дабири кулли СММ Дог Ҳаммаршулд (иқтисоддон ва дуввумин Дабири кулли СММ, дарёфткунандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, донандаи чор забон буд. Солҳои 1905-1961 зистааст) барои гуфтушунид бо сарварони ҷудоихоҳони вилояти Катанга шаҳри Ндола (Родезияи Шимолӣ) рафт. Дар наздикии фурудгоҳ ҳавопаймои Дабири кулл сарнагун шуд. Ҳамаи саворони ин тайёра -10 корманди дипломатӣ, ҳомиёни сулҳ ва 6 хадамаи ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд. 

 

 

Маршал Бирюзов

19 – уми моҳи октябри соли 1964 ҳайати ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ бо сарварии маршал Бирюзов (1905-1964) - сардори Ситоди кулли артиши Шӯравӣ буд) барои таҷлили 20-солагии озодсозии Белград аз ишғолгарони фашистӣ сафар карда буд. Дар ин ҳайат ҳамчунин мудири шуъбаи маъмурии КМ КПСС генерал Миронов, сардори академияи ҳарбии техникаи зиреҳпӯш генерал  Жданов ва дигарон дохил шуда буданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Белград ҳавопаймои Ил-18 ба кӯҳ бархӯрд ва таркид. Тибқи иттилои расмӣ аз 18 то 33 нафар ба ҳалокат расиданд. 

 

 

****    ****    ****

10-уми апрели соли 2010 президенти Лаҳистон Лех Качинский ҳамроҳ бо як ҳайати баландпоя барои ширкат дар 70-умин солгарди “Фоҷеаи Катин” ба Русия омад ва ҳавопаймо суқут кард. Дар садама 97 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки аксаран нухбагони ин миллати қадимии Аврупо буданд. Ҳавопаймои ТУ-154 замоне ба замин нишаст, ки туман атрофро шадидан печонида буд ва дар чунин шароит он аслан бояд фуруд намеомад. Қисмате аз он ба дарахти азим бархӯрд ва тайёра нагунсор гашт, оташ гирифт ва аз ҳам пош хӯрд.

ЁДЕ АЗ ТАЪРИХ. СУҚУТИ ЯК ҲАВОПАЙМО ДАР ПОРИС 47 СОЛ МУҚАДДАМ

Президенти Лаҳистон мехост дар маросими ёдбуди фоҷеаи Катин ширкат варзад ва хотири ҳазорҳо тан ҳамватанашро, ки 70 сол қабл аз тири НКВД қурбон шуданд, пос дорад. Ин фоҷеаи мудҳиши башарӣ, ки лаҳистониҳо онро Zbrodnia katyńska — ҷинояти Катин меноманд, куштори сартосарии шаҳрвандони Лаҳистон (асосан афсарони асири артиши ин кишвар) мебошад, ки баҳори соли 1940 сурат гирифтааст. Ба ин амали ҷиноӣ, ки он замон поксозӣ унвон мешуд, НКВД гунаҳгор дониста мешавад. Тибқи иттилое, ки аз бойгонии Кумитаи амнияти Шӯравӣ ба даст омадааст, дар маҷмӯъ он сол 21 ҳазору 857 нафар шаҳрвандони ин кишвар, ки гуфта мешавад, аксарашон ё низомӣ буданд ва ё ба низомиён иртибот доштанд, ба қатл расонда шудаанд.  Дар асноди НКВД аввал гуфта мешуд, ки дар ҷангале воқеъ дар қарибиҳои Катин афсарони асири лаҳистонӣ қатл шудаанд. Вале бо гузашти солҳо дар атрофи он ҷангал қабрҳои дастаҷамъии дигаре ёфт шуданд, ки  шаҳодат аз қатли ғайринизомиён низ медоданд.

Бо гузашти 50 сол билохира роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ М. Горбачёв расман эълон кард, ки куштори Катин кори дасти НКВД буд ва Иттиҳоди Шӯравӣ расман аз мақомоти давлатии Лаҳистон ва мардуми он пузиш мехоҳад. Дар ҷараёни як сафараш ба Лаҳистон сарвари давлати Шӯравӣ ба ҷурме иқрор шуд, ки муддати 50 сол такзиб мешуд.

****    ****    ****

25 –уми моҳи октябри соли 2016 ҳавопаймои Ту-154 Русия бо хатсайри  Москва — Сочӣ — Латакия (Сурия) парвоз мекард. Баъди чанд лаҳзаи ба ҳаво хестан аз Сочӣ дар баҳри Сиёҳ сарнагун шуд ва 84 мусофир бо 8 узви экипажи ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд. Дар миёни онҳо ҳунармандони дастаи ҳунарии ба номи Александров ҳамроҳ бо роҳбари бадеии хор Валерий Халилов низ буданд. Ҳамчунин бо ҳамин хатсайр сарвари хазинаи хайрияи “Кумакҳои адолатнок” Елизавета Глинка, ки ба унвони Доктор Лиза шинохта мешуд, мансабдорони давлатӣ ва ажурналистон дар парвоз буданд.

Барои вайрон кардани қоидаҳои парвоз мақомот парвандаи ҷиноятӣ боз карданд. Аммо моҳи декабри соли 2019 ин парванда бинобар набудани далелҳо ба айби эълоншуда, баста шуд. Моҳи апрели соли 2020 бошад додгоҳи шаҳри Москав вазифадор кард, ки дар қарор дар бораи қатъи парванда таҷдиди назар кунанд...  

барчасп: