Дар ин ду сонеҳа ҷамъулҷамъ 184 нафар ҷон бохтанд. Ҳардуро аз ҷумлаи мудҳиштарин сарнагунии ҳавопаймо дар таърих медонанд. Яке дар кишвари ба мо ҳамсоя-Ӯзбекистон 30 пеш ва дуюмӣ дар Фаронса 6 сол пеш рух додааст. Иллати ин ду сарнагунӣ пурра таҳқиқ шудааст.
Суқути ҳавопаймои Ан-24 дар Навоӣ. Ин ҳодиса рӯзи шанбе, 23-марти соли 1991 иттифоқ уфтод. Ҳавопаймои Ан-24РВ мансуб ба ширкати Аэрофлот ҳангоми нишаст дар фурудгоҳи шаҳри Навоӣ сарнагун шуд ва 34 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳавопаймо бо хатсайри Тошканд-Навоӣ бо 59 мусофир ва 4 хадамаи он парвоз мекард.
Бино ба маълумоти расмӣ ҳангоми нишаст экипаж ҷадвали маъмулро риоя накард ва ҳамзамон бо гузориш дар мавриди ин ки гӯё дастурҳоро комил иҷро мекунад, навбатдории фурудгоҳро ба иштибоҳ андохт. Дар натиҷа вақте аз нишаст 19 км дур буд ва дар баландии 3000 метр қарор дошт, хадама хабар дод, ки ҳавопаймо дар баландии 2100 метр қарор дорад ва масофа то нишастгоҳ 23 километр аст. Диспечер, ки воқеъиятро намедонист, тибқи ҳамин гузориш ба онҳо иҷозаи поин шудан то баландии 1500 метрро дод.
Вақте халабонҳо ҳавопайморо якбора поин равон карданд, боз ҳам ба замин маълумоти иштибоҳӣ ирсол намуданд. Хулоса ҳамдигарнофаҳмӣ миёни халабонҳо ва навбатдории фурудгоҳ боис шуд, ки ин ҳавопаймо суқут кунад.
Дар ин сарнагунӣ 34 нафар қурбон шуданд, ки 30 нафари онҳо мусофирон ва 4 тани дигар халабонҳо буданд.
Фоҷеа дар бағали кӯҳи Провани Алп
Рӯзи 24-уми марти соли 2015 Airbus A320 – 211 мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Germanwings миёни шаҳрҳои Дин-ле-Бен ва барселоннети Фаронса сарнагун шуд.
Ин ҳавопаймо бо 144 мусофир ва 6 хадама бо хатсайри 4U9525 Барселона-Дюсселдорф дар ҳоли парвоз буд. Дар натиҷаи суқути маргбор ҳамаи 150 нафар сарнишинони он ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти расмӣ баъди ҳамагӣ 30 дақиқаи парвоз баногаҳ он сарозер шуд ва талоши халабонҳо барои ҷилавгирӣ аз суқут натиҷа надод. Баъди 10 дақиқа он дар нишебии кӯҳи Прованси Алп сарнагун шуд ва пора-пора гашт.
Ин аввалин садмаи ҳавопаймоии ширкати Germanwings буд. Сабаби он худкушии халабон дар ҷараёни парвоз унвон шудааст.
Дар таърихи ҳавопаймоии Олмон ин дуюмин (баъди суқути Ил-62 дар Кёнигс-Вустерҳаузен) ва сеюмин садамаи пурқурбонӣ дар Фаронса (баъди суқути ҳавопаймоҳои DC-10 дар наздики Порис ва MD-81 дар Корсик) буд.