Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда
Чоп шуд: 26/03/2021 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то охири моҳи марти соли 2021 дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст...