Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то охири моҳи марти соли 2021 дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст, шамол  аз самти Ғарб бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. 29 – уми март то 8-10 дараҷа поин рафтани ҳарорати ҳаво интизор меравад.

Бар асари боришот, таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, хусусан дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши сангу рег зиёд аст.

Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони селосо дар назар аст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, мошинҳои худро ба сафар аз пеш омода кунанд. То ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикоргоҳ ё моҳидорӣ худдорӣ варзанд.

Дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ҳолати хатарнок ба телефонҳои:

  • 112,
  • 93 880 28 19
  • 223 13 11  занг занед.

 

  • Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, тел:

225-44-73, 225-44-76, 225-44-90

  • Раёсати  КҲФ дар вилояти Хатлон, тел:

(83222) 2-35-05, 2-78-28

  • Раёсати КҲФ дар ВМКБ, тел:

 (83522) 2-40-57, 2-53-47

  • Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, тел:

 (83422) 6-58-72, 5-15-55

барчасп: