Кормандони Кумита дар театри ба номи Қосимов намоиши “Исфандиёр”-ро тамошо карданд
Чоп шуд: 06/03/2021 | adminИртибот бо театр ҳамеша рӯҳу равони касро чун оина поку мусаффо мекунад. Рафтан ба театр ва дар саҳнаи он дидани саҳани зиндагӣ ин тафреҳ нест, балки болотар аз тафреҳ аст. Ин лаҳзаи андеша аст, андешаҳои зиндагӣ. Ва боз агар намоишеро бубинед, ки ҳикоят аз таърих дорад. Дидани таърих худшиносист ва саҳнае аз он дар саҳнаи теар чизе болотар аз ин ҳама аст.