Иртибот бо театр ҳамеша рӯҳу равони касро чун оина поку мусаффо мекунад. Рафтан ба театр ва дар саҳнаи он дидани саҳани зиндагӣ ин тафреҳ нест, балки болотар аз тафреҳ аст. Ин лаҳзаи андеша аст, андешаҳои зиндагӣ. Ва боз агар намоишеро бубинед, ки ҳикоят аз таърих дорад. Дидани таърих худшиносист ва саҳнае аз он дар саҳнаи теар чизе болотар аз ин ҳама аст.
Бегоҳии 5 марти соли равон гурӯҳе аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов рафтанд.
Он шоми муборак ба онҳо муяссар шуд намоиши “Исфандиёр”-ро, ки як достони шӯрангези шаҳкори бузурги ҳар давру замон “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдасӣ мебошад, тамошо кунанд. “Исфандиёр” аз намоишҳои пурбиннадаи ин театр ба шумор рафта, худ қиссаи басо шавқовар ва бозии ҳунармандон ин қиссаро боз ҳам шавқовару диданӣ кардааст.
Дар як муаррифиномае, ки театрро барои бинандаи худ шинос мекунад, омадааст: Якуми январи соли 1990 дар заминаи театр-студияи таҷрибавии Фаррухи Қосим, дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе театри таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” таъсис шуд. Рӯзи 30-юми январи ҳамон сол “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...”, нахустин намоишномаи ин театр Гран-Прии нахустин Ҷашнвораи театрҳои тамошобини ҷавони Осиёи Марказиро ба худ касб карда ва дар моҳи ноябри ҳамон сол дорандаи Гран-Прии “Наврӯз 90” дар Ҷашнвораи театрии минтақаӣ шуд.
Соли 1990 давлати Тоҷикистон бо эътои ҷоизаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - болотарин ҷоизаи ҳунарӣ дар кишвар ба Фаррухи Қосим, кори ӯро қадрдонӣ кард. Намоишномаҳои Фаррухи Қосим ва театри “Аҳорун” тавассути шева, мусиқӣ, ритм ва фалсафаи тоза, ҷараёне нав дар роҳи таъсиси театри миллии Тоҷикистонро мушаххас кард.
Театри Фаррухи Қосим аз тамаддунҳои зиёд илҳом мегирад ва мудом манобеъ ва мафоҳимро ба худ дармекашад ва тавассути офаридани қаҳрамонҳои нав тафсире дигар пешниҳод мекунад. Ба унвони мисол дар намоишномаи “Қиссаи ишқ”, коргардон достонҳои “Лайлӣ ва Маҷнун” ва “Ромео ва Ҷулйетта”, ду фоҷеъаи барҷаста аз адабиёти клоссики Шарқ ва Ғарбро бо ҳам омезиш дода ва ба саҳна бурдааст.
Фаррухи Қосим 7-уми феврали соли 2010 даргузашт, вале аз худ мероси ғанӣ барои фарҳанги тоҷик, аз ҷумла мактаби театри миллии тоҷикро боқӣ гузошт. “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Шайх Санъон”, “Шоҳ Фаридун” ва “Шоҳ Лир” аз ҷумлаи намоишномаҳои ин театр дар таҳияи Фаррухи Қосим, барандаи ҷоизаҳои зиёде дар ҷашнвораҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ шуданд. Худи Фаррухи Қосим “барои дастовардҳои фавқулода дар арсаи ҳунар ва рушд” барандаи яке аз даҳ ҷоизаи байналмиллалии Сандуқи Шоҳзода Клаус (Ҳоланд) дар соли 2004 гардид. Театр-студияи “Аҳорун”, ки аз соли 2007 бо номи Муҳаммадҷон Қосимов - падари Фаррухи Қосим ёд мешавад, мактаби театри Фаррухи Қосимро аз роҳи ба саҳна гузоштани намоишномаҳо ва тадриси донишомӯзон, зинда нигоҳ медорад. Ин театр ба тамошобин бовар ба худ ва ба шикастнопазирии Зебоӣ, Меҳр ва Ҳунарро тақдим мекунад.